Устод Раҳнаварди Дарёгард - сардафтари адабиёти турк

                                                       (гротекс)



 

   Пас аз он ки устод Раҳнаварди Дарёгард баҳри романҳои истеҳсолиашон - "Сантехника ва робототехника", "Равғани мӯйлаб ва услубҳои истеҳсоли он", "Технологияи истеҳсоли чарби кенгуру", "Набарди чуту компютер", "Ангишканони динозаврсавор", "ВКП(б)+НКВД=Бародарони қиёматӣ", - ҷоизаи созмонҳои мухталиф - чармгарон, кадупарварон, шалғампарварон, морбозон, сагбозон, тимсоҳпарварон, бинидарозон, рудадарозон, носкашон, хабаркашон, шутурмурғсаворон, пивонӯшонро... соҳиб шуданд, аз ҳар тараф садоҳо баланд мешуд, ки "Устод, романе бинвисед, ки мукофоти Нобелро низ ба дом афтонад. Шумо фарди номбардори миллати моед, бояд ин мукофотро бо кадом роҳе набошад ба ҷайбатон бигузоред. Дигар қаламдарозон аз истеъдоди илоҳӣ маҳруманд, онон ин амали шарифро пиёда карда наметавонад. Ҳамаи умедамон ба шумо нигаронида шудааст". Уcтод Раҳнаварди Дарёгард аз пазиройии ҳаводорону соҳибони миллат нисбати шахсияти табаруккашон мамун бигашта билохир ин нияти муборакро пазируфтанд. Вале  душманони ашаддиашон, се ёр аз як диёр - Ахтари Гардун, Субур Убур, Фурӯзонфар Зарриндаст хомӯш буданд, бурдҳои паёпайи устод ёронро  ба ситезиш меовард. Овозаҳо ба гӯши устод мерасид, ки се ёрон перомуни эшон китоби азиме пур аз сиёҳкориҳои  ин шахси мӯҳтарамро ба чоп омода сохта истоданд, то устодро  аз тахти шаъну шӯҳрат  фуруд оварда шармсор бисозанд.


                                                              Қасос
                                                          (ҳикояи ҳаҷвӣ)




     Дастони бону барин нафису латифашро  пеши бар гирифта муддати тӯлоние кулбаро давр зад. Ногаҳ нигоҳаш  ба китоби зебо ороишёфтаи рӯи миз афтод, фавран дар чашмони айёри обакиаш шӯълаи нафрат аланга зад. Оҳ, нокас! Ту дар инҷоӣ? Оё ту набудиӣ, ки маро эътироф намудан намехостӣ? Обатро ончунон ҷафам, ки аз ту саҳифаҳои холӣ монаду халос. Ин рӯзи саидро дер боз интизор будам, кунун он даррасид ва онро аз даст нахоҳам дод...
 

                                     Яғмогарон ва "умри абадӣ"
                                                              (ҳикояи ҳаҷвӣ)



  Чароғро хомӯш сохту вориди бистар гашт. Завҷааш бо маром хуррок кашида фикру хаёлро пароканда месохт. Бо туппӣ бинии ҳамсарашро пӯшонд ва садои хурроккаши нисбатан пастар шуд. Андешаҳо боз ба фазои нахустин баргаштанд. Бале, ниҳоят дар сини панҷоҳунуҳсолагӣ мақсади ҳаёти хешро амалӣ намуд. Бо чӣ азобу шиканҷаҳо, хушомаду пешомадҳо, дастовезҳои гарону зиёфатҳои ҷамшедона фарзанди аз ҷон азизу  ширинаш, китоби хотироту ашъораш - "Умри абадзиндаи ман - ифтихори миллати ман"-ро аз дасти чоп берун овард. Пас умри азизу пуршарафаш ройгон нарафтааст. Номи муборакаш абадан дар дафтари таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид. Исми омӯзгори рустоӣ - Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абдунорро, ворисон дар сафи номҳои мубораки Рӯдакию Фирдавсӣ, Хаёму Саъдӣ ба забон хоҳанд гирифт. Кунун ягон бӯроне, тӯфоне, зилзилаву офате фарзанди маҳбубашро маҳв сохта наметавонанд. Ӯ чӣ гуна падар аст, ки ғами фардои фарзандашро нахӯрад. Ҳоло он дар ҷоҳи семетра дохили халтаи селофанию сандуқи фӯлодин хобидааст. Ӯ ҳатто он чизро зикр  накмуда монд, ки бисёре аз бузургон ба эътибор нагирифтанд, дар тахтаи махсуси фӯлодин миллаташро бо ҳарфҳои калон - тоҷик навишт, то рӯзе ӯро узбак нахонанд. Асрҳо мегузаранду бостоншиносон фарзанди ӯро аз асорат берун хоҳанд овард ва он лаҳза номи Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абунор вирди забони наслҳои ҳазорсолаи панҷум хоҳад гардид...
 


      Дафн дар мазори даҳриён ё парвози каллаи хунин
                                                           (ҳикояи ҳаҷвӣ)




   Ҷасади кабудгаштаро  соате пеш аз мурдахона оварда буданд, бо формалин омехта хостанд ба зарфи тунугагин ҷой бидиҳанд, вале аз он дараке набуд. Наздикону атрофиён бо симоҳои сарду чашмони хушк ба ҷасади даҳрии ашаддӣ, ки умри хешро баҳри маҳви дину диндорон фидо намудааст, нигариста  аз маргаш афсӯс мехӯрданд. Билохир усто зарфро ҳозир намуд. Бо чашмони хуморӣ лаҳзае ба майит нигаҳ афканда ба сӯйи ҳозирон назари карахте намуд. Яке аз дӯстони раҳаматӣ зуд вазъиятро дарк намуда ба усто шарҳ дод, ки чӣ тур бояд мурдаро ба тобут бигзорад.
 

                              Пайкаре андар оғӯши маркабҳо
                                                       (ҳикояи ҳаҷвӣ)






    А
йёме, ки дар гардуни беканори адаб ситораи Ахтари Гардун фурӯзон бигашт, ҳарифону дӯстон чунин шаъну шукӯҳро чашмдор набуданд. Рӯзномаву маҷаллаҳо радиову телевизон пайваста перомуни нобиғаи  ҳазораи вопасин - Ахтари Гардун ҳарф мезаданд, намоишҳои рангинро омода месохтанд. Аз чомеъаҳои хукпарварон оғоз намуда то занҳои пивонӯш  ӯро узви  фахрии созмонҳои хеш мехонданд. Баҳри таърих бо ӯ аксҳо мегирифтанд.
    Таърихнигорон ҳар қадаму суханашро фавран  ба дафтари фардо медароварданд, то  насли оянда зи он баҳра барад.Ширкату корхонаҳои мухталиф симои мубораки эшонро  аз консерва баҳри гурбаҳо, то ба халоҷо  нақш карда, моли худро бо арзиши даҳчанд ба савдо мезаданд. Фарзади ягонааш, гавҳари каломи бадеъ, шоҳасари - "Айёми гули кукнор бӯса майли ту дорад, эй нозанини маркабсавор"-ро гаштаю баргашта бо пешгуфтори тамокукорону ҳамомлон, фарошону сартарошон, самбӯсапазу палавхӯрон, ки чопи пай дар пайи онро боисро аз ноширон талаб мекарданд, интишор мегашт. Аҳли кишвар онро китоби рӯйи мизии хеш хонда, зери сари фарзандон мегузоштанд, то онҳо низ чун ӯ марди соҳибмансабу соҳибфузуне ба воя бирасанд. Рӯзномаҳо доимо дархости ранҷбаронро бо ҳазорҳо имзо дарҷ мекарданд. Онҳо хоҳони он буданд, ки ба ҷойи ҳайкали Рӯдакӣ - пайкари Ахтари Гардунро бигузоранд.


                                                           Каждум
                                                        (ҳикояи ҳаҷвӣ)




 
    Хонаро чароғи рӯи мизи хира равшан месохт, марди дар курсии нимдошту рангпарида нишаста дастони харобу нисбатан дарозашро пеши бар гирифта ба фикр фурӯ рафтааст. Рӯи дарози серожанг, абрӯвони ба косахонаи чашм хамида, чашмони хурди чун чашмони моҳӣ беҳаракат, мижаҳои тез-тез ба ҳамдигар бархӯранда, бинии дароз, даҳони чӯкида, манаҳи борик,- хуллас ҳамаи ин ҷузъиёти зоҳирӣ, касро фавран аз худ тела медод.
  Дуру дароз ба қаламу қоғази дар дасташ буда маҳзунона нигариста монд. Имшаб ҳам ба шуғли дӯстдоштааш, ки ягона мояи ҳаёташ мебошад, даст заданист, вале аз ҳазорхонаи майнааш чизеро  берун оварда наметавонист. Аз ноомади кор дилтанг шуда аз ҷояш  хеста ба қадамзанӣ даромад. Садои ғиҷирроси дари ҳамсояро  шунида, чун даррандаи наздик будани сайдро пайхас карда  нӯг-нӯги по эҳтиёткории моронае худро назди дар гирифта, гӯшашро ба сурохи калидгузаронӣ ҷафс намуд. Овози гуфтугӯи зану мард ба гӯш расид:         "Ерии таҷилӣ"-ро ҷеғ занеду худатон ба сари роҳ баромада истед, то ки бечораҳо ним соати дигар хонаатонро накобанд, ҳарораташ дақика ба дақиқа баланд шуда истодааст, ҳар сония ғанимат. -Хуб шудааст, хуб шудааст, ҷонакам, ту даро, кӯдакро танҳо нагузор, ман ҳозир гирифта мебиёрам...


                          "Ҳомо коммунистус" чӣ ҷондорест?

                                                         (гротеск)


 
     Мӯҳтарам Ж.Э. шумо дар номаатон навиштед, ки ман коммунистаму ба кадом гурӯҳи одамӣ мансубам? Услуби саволро ба миён гузоштанатон мантиқан хатост. Зеро коммунистон зи аждоди одамӣ нестанд. Гарчанде, ки дар фосилаи эволюсияи 73 сола дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз "ҳомо сапиенс" (одами бошуур) намуди ҷадиде бо номи мубораки "ҳомо советиус" арзи вуҷуд намуд, вале коммунистон ба ин гурӯҳ марбут наяанд. Табиатшиноси бузурги швед, Карл Линей дар осори машҳури илмиаш - "Системаи табиат" байни шипанзеву  "ҳомо сапеиенс", "ҳомо троглодитес" яъне одами ғорӣ,- ғулро гузоштааст, ки иштибоҳи маҳз аст, зеро "ҳомо троглодитес" фавран ба одами бошуур табдил наёфтааст.
Дар зинаи гузариш байни "ҳомо троглодитес"-у "ҳомо сапенс" - "ҳомо коммунистус" меистод.

        
       
                                В Е К  М А Т Р И А Р Х А Т А



                                          (юмористический рассказ)


    Конец XXI века. Матриархат в расцвете. Власть полностью перешла в руки женщин. Мужчины в креслах руководителей - большая редкость, да и те на вторых и третьестепенных должностях. В детских садах обязанности воспитателей, в ателье закройщиков и мастеров, в прачечных - прачек, в парикмахерских - парикмахеров выполняют мужчины, в женских банях, родильных домах и косметических кабинетах тоже они, одним словом, везде, где раньше и ноги мужчины не ступали, теперь абсолютно властвует сильная половина человечества.
    Пивные бары с утра до полуночи заполненны женщинами, они с удовольствием отправляют холодное пиво в свои нежные желудки, слушают музыку, сплетничают. В кафе и ресторанах после приема определенного количества алкоголя, женщины выясняют отношения между собой. Женщины выбирают себе мужей и, если выбор оказывается не соответствующим, то муж немедленно изгоняется из дома или получит развод, и тут же она начинает расстилать свою хитрую коварную паутину для охоты очередной жертвы.